Тоҷикистон
Маҳдудияти озодии динӣ ба волидайну кудакон
Машварати оммавии тарҳи қонуни баҳсбарангез оид ба уҳдадориҳои волидайн дар таҳсилу тарбияти кудакон имруз санаи 15 март ба охир расид. Дар миёни маҳдудиятҳои наве, ки тарҳи қонун пешниҳод мекунад, асосан манъи иштироки нафарони хурдтар аз синни 18 сол дар маъракаҳои динӣ ба ҷуз аз дафн ба назар гирифта шудааст.
Read Full Post | Make a Comment ( None so far )Ҳамоиши байналмиллалии омузгорони забон ва адабиёти Форсӣ дар Теҳрони Ирон
Даври 7 уми Ҳамоиши байналмиллалии омузгорони забон ва адабиёти Форсӣ дар Донишгоҳи Теҳрон баргузор гардид. Дар ин чорабинии дуруза бештар аз 500 донишмандон ва 250 меҳмонон аз 50 кишвари дунё ширкат варзиданд. Иштирокчиён бо эъҷодиёти адабии гуногун шинос шуданд ва аз онҳое, ки баҳри пешрафти забони Форсӣ кушишҳои олӣ ба харҷ додаанд, ёдоварӣ намуданд.
Read Full Post | Make a Comment ( None so far )Тоҷикистон дар чӣ ҳол аст?
Мавҷи нооромиҳои охир дар Тоҷикистон аз пастравии эътибори ҳукумати он дарак медиҳанд ва ин раванди хатарнок барои амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ аст.
Read Full Post | Make a Comment ( None so far )Дуздии бонкҳои шаҳри Денвери Амрико аз суи ҷавонони гумроҳи Тоҷик бо ҳамдастии русҳо
Мувофиқи хулосаи додгоҳи олӣ, чанде аз бонкҳои шаҳри Денвери вилояти Колорадои Амрико мавриди фиребкории ҷавонони гумроҳи Тоҷик бо ҳамдастии дустони русашон гаштанд, ки дар натиҷаи он 300 ҳазор доллар дар давоми 15 моҳ ғорат карда шудааст.
Read Full Post | Make a Comment ( None so far )Сабаби аслии ҷангҷуиҳои охир дар Тоҷикистон
Дар мавриди сабабҳои аслии ҷангҷуиҳое, ки вақтҳои охир ҷомеаи Тоҷикистонро ба такон оварданд, фарзияҳои гуногун пешниҳод гашта буданд. Оё он қисме аз ҷунбиши фаромиллии исломигароӣ ё натиҷаи норозигии омма аз бесаводиву фишорҳои ҳукумати марказӣ буд? Ду намуди одамон дар ин ҳолатҳои норушан ба дарки дурусти масъала ёрӣ карда метавонанд: коршиносони собиқадор ва хабарнигорон аз макони [...]
Read Full Post | Make a Comment ( 1 so far )Хобгоҳи мардикорони чинӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ҳаёти шабонаи хоссае надорад. Чанд тарабхонаи миёнаҳоле ҳаст, ки баъди нуҳ моҳи зиндагӣ дар ин кишвар гаштаву баргашта ба ҳамон шаш ҷо рафтан хонаводаам дилтанг шуданд.
Read Full Post | Make a Comment ( None so far )Роҳи оҳан аз Чин то Халиҷи Форс
Вазири корҳои хориҷии Ирон, Манучеҳр Муттақӣ, рузи 15 ноябр эълон кард, ки Тоҷикистон, Афғонистон ва Ирон бо кишвари Чин дар сохтани купруке ҳамкорӣ мекунанд, ки шабакаҳои роҳи оҳани онро бо Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна пайваст хоҳад кард.
Read Full Post | Make a Comment ( None so far )Чаро амнияти Тоҷикистон ба Амрико ва Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) муҳим аст?
“Ҳодисаҳои охир дар Тоҷикистон буҳрони дохилӣ аз заифшавии қудрати давлатиро нишон медиҳанд. Ҳамаи шохаҳои ҳукумати кунунӣ нотавон гаштаанд. Кушишҳои ба ном “давлатдорӣ” ғарқи кутоҳандешӣ ва фасоди раҳбарон гашта, шикаст хурдаанд”, иброз дошт яке аз коршиносони маҳаллӣ.
Read Full Post | Make a Comment ( None so far )