Маҳдудияти озодии динӣ ба волидайну кудакон

Posted on 16/03/2011. Filed under: Дин, Ислом, Озодӣ, Тоҷикистон |

Намози ҷумъа дар яке аз масҷидҳои Тоҷикистон

Машварати оммавии тарҳи қонуни баҳсбарангез оид ба уҳдадориҳои волидайн дар таҳсилу тарбияти кудакон имруз санаи 15 март ба охир расид.

Дар миёни маҳдудиятҳои наве, ки тарҳи қонун пешниҳод мекунад, асосан манъи иштироки нафарони хурдтар аз синни 18 сол дар маъракаҳои динӣ ба ҷуз аз дафн ба назар гирифта шудааст.

Ба монанди қонун оид ба дин,ин тарҳи қонун оид ба уҳдадориҳои волидайн дар бисёр мавридҳо бениҳоят носаҳеҳ аст ва имкони зиёд барои суистифодаи мансабдорон дода метавонад.

Пешвоёни динӣ, ҳуқуқшиносон ва муҳофизони ҳуқуқи инсон ин тарҳи қонунро шадидан маҳкум мекунанд чун он озодии динии кудакон ва волидайнро, ки дар Сарқонуни Тоҷикистон ва санадҳои байналмиллаллии ҳуқуқи инсон кафолат дода шудааст, барҳам мезанад.

Акбар Тураҷонзода, узви Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз солҳои 2005 то 2010 ва муфтии кишвар дар аввали солҳои 1990, пешниҳоди қонун оид ба уҳдадориҳои волидайнро беасос номид.

У гуфт, ки «ин қонун нест балки ҷамъи талабҳои гуногун аз волидайн аст. Мақсад аз ин тарҳ манъи иштироки кудакон дар маъракаҳои динӣ аст.

Таъсири муҳими ин тарҳи қонун бар ҷомеаи мусалмони Тоҷикистон хоҳад буд зеро ки ҳукумат мехоҳад кудаконро аз масҷидҳо дур созад ва аз шавқи рузафзуни мардум ба дини Ислом тарс дорад.»

Пайванд ба саҳифаи аслӣ: http://www.forum18.org/Archive.php?article_id=1552

Advertisement

Make a Comment

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Connecting to %s

Liked it here?
Why not try sites on the blogroll...

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.