Ҳамоиши байналмиллалии омузгорони забон ва адабиёти Форсӣ дар Теҳрони Ирон
Даври 7 уми Ҳамоиши байналмиллалии омузгорони забон ва адабиёти Форсӣ дар Донишгоҳи Теҳрон баргузор гардид. Дар ин чорабинии дуруза бештар аз 500 донишмандон ва 250 меҳмонон аз 50 кишвари дунё ширкат варзиданд. Иштирокчиён бо эъҷодиёти адабии гуногун шинос шуданд ва аз онҳое, ки баҳри пешрафти забони Форсӣ кушишҳои олӣ ба харҷ додаанд, ёдоварӣ намуданд.
“Беҳтар мешуд, ки агар истилоҳоти Форсии Тоҷикии мавриди истифодаи мо бо истилоҳоти адабиёт ва илму фанновариҳои Форсии Ирон яксон мегашт,” гуфт устоди донишгоҳи Тоҷикистон ва яке аз иштирокчиёни ҳамоиш Дилмурод Ҳомидов. “Ҳамчунин, истифодаи як истилоҳ аз суи олимони Тоҷикӣ ва ҳам Иронӣ бисёр дар ин раванд муфид хоҳад буд,” илова намуд у.
Умуман, зиёда аз 134 миллион нафар дар тамоми дунё бо забони Форсӣ гап мезананд, ки аз он 72 миллион нафар онро ҳамчун забони миллӣ медонанд ва барои бақия он ҳамчун забони дуюм аст.
Пайванд ба саҳифаи аслӣ: http://www.presstv.ir/detail/161117.html
Advertisement
