Фишорҳои ҳукумати Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ пайомадҳои манфӣ хоҳад дошт
Муносибат бо дини Ислом дар Тоҷикистон то вақтҳои охир ҳамчун намунаи беҳтарин дар Осиёи Марказӣ ҳисоб меёфт. Аммо, дар айни замон ҳукумати ин кишвар аз афзоиши эътибори дин дар ҷомеа, ки аз мушкилиҳои иҷтимоиву бекориву бесаводӣ дар натиҷаи сиёсати ҷоҳилонаи роҳбарият ба вуҷуд омадааст, ба тарс омада, бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ маъракаи мубориза шуруъ намудааст. Албатта, он барои худи Тоҷикистон ва берун аз он пайомадҳои манфӣ хоҳад дошт.
Тоҷикистон то ҳол ягона кишваре дар минтақа аст, ки расман ҳизби сиёсие бо барномаи динӣ дорад (Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон) ва он ҳам яке аз дастовардҳои созишномаи сулҳ аст, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990-ум хотима бахшида буд. Вале, фишорҳо бар сари ҲНИТ руз аз руз зиёд гашта, ба назар мерасад, ки ҳукумат онро пароканда кардан мехоҳад. Пушидани масҷид дар шафати бинои ҳизб, таъқиб намудани аъзоёни фаъол ва суиқасд ба ҷони сарвари он, Муҳиддин Кабирӣ, ҳангоми бо мошин суи Қурғонтеппа сафари корӣ доштанаш далели гуфтаҳои боло шуда метавонанд.
“Ҳизби ҳоким дар мавриди дигар ҳизбҳо ва махсусан ҲНИТ на ҳамчун бо рақиби сиёсӣ муносибат мекунад, балки аз мо душмани давлат сохта истодааст», арз кард ҷаноби Кабирӣ ва илова намуд: «муносибати ҳукумат бо ташкилотҳои динӣ дар айни ҳол дар Тоҷикистон бисёр сард гаштааст».
Дигар ҷиҳати кушиши ҳукумати Раҳмон дар паст кардани нуфузи Ислом дар ҷомеа бо ҳамла ба пушидани либосҳои динӣ, баргардонидани донишҷуёни Тоҷик аз донишгоҳҳои давлатҳои исломӣ ва бо онҳо гуё чун бо «ҷинояткор» муносибат кардан, ки оқибат сафи бекорону бесаводони ҷумҳурро боз ҳам зиёд хоҳад кард.
Пайванд ба саҳифаи аслӣ: http://www.eurasiareview.com/analysis/10167-tajikistans-new-crackdown-on-muslims-seen-creating-problems-inside-russia/
